Фаъолияти корхонаи «Бофанда»-ро сарвазир ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти  корхонаҳои «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» ва «Чарм» шинос шуд.  Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни шиносоӣ бо фаъолияти «Иттиҳодияи Истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи бузурги истеҳсолиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли […]

АМИТ «Ховар»

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти  корхонаҳои «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» ва «Чарм» шинос шуд. 

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни шиносоӣ бо фаъолияти «Иттиҳодияи Истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи бузурги истеҳсолиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имконият самаранок истифода намоянд ва баҳри тақвият бахшидани корҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, дар сурате, ки аз ҷониби Пешвои миллат тадбирҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ниҳодҳои дахлдор ва соҳибкорони ватаниро зарур аст, барои тақвияти иқтидори истеҳсолии воридотивазкунанда чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро бо ин васила ҳам иқтисоди миллӣ рушд мекунад ва ҳам сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида,  сатҳи зиндагии хешро баланд мебардоранд.

Сарвазири мамлакат барои таҳлил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолии корхона аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис додани гурўҳи кории салоҳиятнокро талаб намуда, ба вазорату идораҳои соҳавӣ дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи корхона чораҷўӣ намоянд.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи  «Чарм», ки асосан ба истеҳсоли пойафзол машғул аст, шинос шуд. Дар ин корхона ҳам барои низомиён ва ҳам барои сокинон пойафзол истеҳсол карда мешавад.

Бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда фаъолияти ин корхона марҳила ба марҳила тақвият ёфта, имрўз маҳсулоти истеҳсолии корхона дар бозори дохилӣ рақобатпазир мебошад.

Сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи истеҳсолиро хуб арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо пойафзол бо истифода аз технологияи муосир истеҳсолотро боз ҳам зиёд намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.