Боздиди ҳайати ХБД Ӯзбекистон аз нерӯгоҳи Роғун

Дар ҷараёни сафари кории ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меҳмонон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, бо рафти сохтмони ин иншоот аз наздик шинос шуданд. Ҳайати меҳмонон аз кишвари ҳамсоя ҳамчунин ба ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо манзарҳои зебо ва табиати биҳиштосои ин дара, ҳамчунин имконоти сайёҳии ин минтақа ошно […]

Аваз Юлдошев

Дар ҷараёни сафари кории ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меҳмонон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боздид намуда, бо рафти сохтмони ин иншоот аз наздик шинос шуданд.

Ҳайати меҳмонон аз кишвари ҳамсоя ҳамчунин ба ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо манзарҳои зебо ва табиати биҳиштосои ин дара, ҳамчунин имконоти сайёҳии ин минтақа ошно гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки замони сари қудрат будани президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов Ӯзбекистон қотеъона мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори назар мекард. Зикр мегардид, ки бо сохтмони нерӯгоҳ кишварҳои поёноб аз об маҳрум мешаванд.

Баъди сари мансаб омадани президенти нави Ӯзбекистон вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар изҳороти муштараки қабулшуда зимни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҷонибҳо изҳор намуданд, ки яке аз омилҳои калидии некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ истифодаи комплексии захираҳои обиву энергетикӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.