ВКД аз боздошти қарздори «Тоҷиксодиротбонк» хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 45-солаи пойтахт хабар медиҳад, ки нисбаташ ба гумони барнагардонидани қарзи бонкӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия соҳибкореро аз Душанбе, ки дар барнагардонидани ду қарзи гирифта аз «Тоҷиксодиротбонк» айбдор дониста мешавад, боздошт намуданд. Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2015 ӯ аз […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 45-солаи пойтахт хабар медиҳад, ки нисбаташ ба гумони барнагардонидани қарзи бонкӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия соҳибкореро аз Душанбе, ки дар барнагардонидани ду қарзи гирифта аз «Тоҷиксодиротбонк» айбдор дониста мешавад, боздошт намуданд.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2015 ӯ аз филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳлати се моҳ 43 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, онро пардохт намекунад ва илова бар ин, баъдтар дар ҳамон филиал барои рушди тиҷораташ боз ба муҳлати як сол 30 ҳазор доллар қарз мегирад. Қарзҳо баргардонида нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ин амалҳои худ шаҳрванд ба филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар маҷмӯъ ба маблағи 56 ҳазору 966-доллари амрикоӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Қайд мешавад, ки нисбати номбурда мутобиқи моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.