Интернет дар роуминг аз Tcell дар Русия – дастрасттар, аз ҳар вақти дигар!

Эҳсосоти худро дар реҷаи онлайн баён созед! Аксҳоятонро аз варзишгоҳе, ки дар он яке аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 баргузор мешавад, нашр намоед!  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар Русия- рӯйдоди деринтизори варзишист, ки таваҷҷуҳи кулли ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст! Бар пояи таҷриба, дар вақти баргузории сабқати ҷаҳонии футбол теъдоди мухлисони ин навъи […]

Эҳсосоти худро дар реҷаи онлайн баён созед! Аксҳоятонро аз варзишгоҳе, ки дар он яке аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 баргузор мешавад, нашр намоед! 

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар Русия- рӯйдоди деринтизори варзишист, ки таваҷҷуҳи кулли ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст! Бар пояи таҷриба, дар вақти баргузории сабқати ҷаҳонии футбол теъдоди мухлисони ин навъи варзиш бамаротиб зиёд мешаванд, яъне дар ин вақт миллиардҳо нафар дар ҷаҳон ба футбол пайваст мешаванд ва бозии футболро ҳаводорӣ мекунанд. Дар майдонҳои футбол беҳтарин бозикунҳои ҷаҳон вориди сабқат мешаванд ва мухлисон аз тамоми олам ба Русия меоянд то чунин рухдоди ғайриоддиро бо чашми худ бубинанд.      

Tcell ба унвони як ширкати иноватсионӣ ва пешоҳанг дар бозори телекомуникатсия дар фаъолияту корбурдаш қабл аз ҳама ба талабот ва хоҳиши муштариён тамаркуз мекунад. Бо пешниҳоди нав дар роуминги Tcell дар Русия барои сарфи мегабайтҳо нигарон набошед: ҳамакнун 1 мегабайти Интернет 30 дирам арзиш дорад!

Барои ҳамватанони мо: мухлисони футбол, ки ба тамошои Ҷоми ҷаҳон-2018 мераванд, сайёҳону гардишгарон, онҳое, ки аз симкорти Tcell  истифода мебаранд, ин пешниҳодро набояд аз даст диҳанд! Бо тарофаҳои нави  роуминг дар Русия ҳамеша дар иртибот боқӣ мондан мумкин аст, зеро ин тарофаҳои интернет бо нархи интернети хонагӣ баробар шудаанд.

Таасурот ва эҳсосоти худро аз бозии дастаи дӯстдошта баён кардан,  гузоштани аксу навор, гуфтугӯ бо наздикону пайвандон- хеле осону қулай ва бе иваз кардани симкорту ҷустуҷӯи WiFi имконпазир аст!

Барои пайваст шудан ба роуминги дастрас фармони *601*1# ро иҷро кунед. Хидматрасонӣ дар сурати дар тавозунатон доштани 5 сомонӣ ба таври ройгон фаъол мегардад.  

Tcell – бо мо Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия наздиктар мешавад! 

Иттилоъи бештар ин ҷост: https://www.tcell.tj/content/news/internet-in-roaming-from-tcell-in-russia-only-costs-30-dirams-per-megabyte-/

____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.