Исмонов доир ба рафтори номуносиб нисбати кормандони бонкҳои дучори мушкилот

Зимни суханронии имрӯза дар парлумон раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки баъзе кормандони сохторҳои қудратии машғули кор дар ситодҳо оид ба ҳалли мушкилот дар бахши бонкӣ нисбати кормандони бонкҳои дучори мушкилот номуносиб рафтор мекунанд. «Кормандони сохторҳои қудратӣ нисбати хизматчиёни бонкҳои дучори мушкилот – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва бонкҳои барҳамхӯрда – […]

Зимни суханронии имрӯза дар парлумон раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки баъзе кормандони сохторҳои қудратии машғули кор дар ситодҳо оид ба ҳалли мушкилот дар бахши бонкӣ нисбати кормандони бонкҳои дучори мушкилот номуносиб рафтор мекунанд.

«Кормандони сохторҳои қудратӣ нисбати хизматчиёни бонкҳои дучори мушкилот – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва бонкҳои барҳамхӯрда – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбнк» чун ба ҷинояткорон рафтор мекунанд», – иброз дошт сиёсатмадор.

Вакил бар ин назар аст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ саҳми назарраси кормандони бахши бонкиро дар рушди кишвар нодида мегиранд.

«Онҳо намехоҳанд бифаҳманд, ки ба шахсиятҳое чун Муродалӣ Алимардон, ки дар саргаҳи роҳандозии фаъолияти бахши бонкӣ дар Тоҷикиситони соҳибистиқлол қарор доштанд, набояд чун ба ҷинояткор рафтор намуд», – гуфт вакил.

Ба қавли ӯ, дар солҳои аввали ба соҳибистиқлолӣ расидан Муродалӣ Алимардон барои рушди кишвар ва мардуми он корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва имрӯз мутахассиси эътирофшудаи бахши бонкии Тоҷикистон дар сохторҳои молии байнулмилалӣ дониста мешавад.

«Имрӯз ӯро ба ситодҳо бурда, дағалона рафтор мекунанд ва ман мехоҳам, ки президенти Тоҷикистон инро донад», – изҳор дошт Исмонов.

Ба гуфтаи вакил, соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои ҳаллу фасли мушкилоти бонкҳо наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

«Лекин вазири ҳамонвақтаи молияи кишвар Абдусалом Қурбониён аз ҳисоби ин воситаҳо пеш аз ҳама мушкилоти Вазорати молияро ҳал кард, қарзҳои қаблан ҷудокардаашро баргардонид ва дар ҳамин ҳол, бонкҳоро ҷарима ва амволашонро ба ҳабс гирифт», – таъкид дошт вакил.

Зимнан зикр шуд, ки имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар ин соҳа кӯшиш дорад ва ба баъзе натиҷаҳои мусбат ноил гардидааст.

«Имрӯз Бонки миллӣ бояд зербинои бонкҳои зикршуда, анбору филиал, банкомат, наклиёт, бино ва таҷрибаи ҳайати шахсии онҳоро истифода кунад», – таъкид дошт Исмонов.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки то имрӯз возеҳ нест, ки Бонки миллӣ барои ҳалли ин масъала чӣ кор мекунад.

«Мушкилоти чор бонки Тоҷикистонро имрӯз метавон буҳрони бонкӣ дар кишвар номид ва барои бузургмиқёстар нашудани мушкилот, чораҳои таъҷилӣ андешидан зарур аст», – зикр кард Зуҳуров.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.