Порагиру порадеҳро акнун маҳбас интизор аст

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он минбаъд порагирону порадеҳон ҷарима нашуда, балки бо қарори суд ба зиндон маҳкум мешаванд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар ин робита муовини роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Нурзода изҳор намуд, ки аз ин ба баъд шахсоне, ки вобаста ба […]

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он минбаъд порагирону порадеҳон ҷарима нашуда, балки бо қарори суд ба зиндон маҳкум мешаванд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар ин робита муовини роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Нурзода изҳор намуд, ки аз ин ба баъд шахсоне, ки вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳкум мешаванд, дигар ба ивази пардохти ҷарима озод шуда наметавонанд.

Тибқи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ аз соли 2016, шахсоне, ки барои порагириву порадиҳӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд, ба ивази ҷарима озод шуда метавонистанд. Барои як рӯзи ҷазо 200 сомонӣ пардохт кардан зарур буд.

Имрӯз вакилони мардумӣ бо дархости ҳукумат ин тағйироту иловаҳои қабулшударо бекор карданд.

Тоҳир Нурзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳои соли 2016 қабулшуда ба коҳиши ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат накарда, баръакс солҳои охир порагириву порадиҳӣ дар Тоҷикистон тамоили афзоиш дорад.

Айни замон мутобиқи меъёрҳои моддаи 319 Кодекси ҷиноии ҶТ барои ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ҷазои аз 5 то 12 соли зиндон ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои порадиҳӣ аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи амвол ҷазо муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.