Таҳияи стратегияи муштараки рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ

Date:

Ҳайати Гурӯҳи корӣ оид таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2030 аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, доираҳои илмӣ ва кории кишварҳои узви Иттиҳод таъсис дода мешавад. Ин гурӯҳи корӣ бояд аз семоҳаи аввали соли 2019 ба кор шурӯъ намояд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки санаи 14 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, чунин қарор қабул шуд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ кард.

«Ба Кумитаи байнидавлатии омор дастур дода шудааст, ки ба пайгирии нишондиҳандаҳои асосии ҳадафноки макроиқтисодӣ дар рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ идома бахшида, ин маълумот ба ҳукуматҳои давлатҳои узви Иттиҳод ҷиҳати истифода зимни амалисозии чорабиниҳо баҳри ҳалли масоили муҳим дар бахши иқтисоду молия пешниҳод мегардад», – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаҳои як қатор санадҳо, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳо оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолатҳои садамаи ядроӣ ё хатари радиатсионӣ ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани сарчашмаҳои беморӣ ва зарароварандагони ҷангалҳо дар қаламравҳои наздимарзии ИДМ, ки ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мешаванд, маъқул шуморида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба рушди истеҳсоли таҷҳизоти технологии сифаташ олии энергетикӣ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба амалисозии он низ ҷонибдорӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...