Бозгашти боз ду кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ аз Ироқ

Субҳи имрӯз боз ду кӯдаки ноболиғ – шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, ҳамоҳангиҳои лозима ҷиҳати баргардонидани боз ду кӯдаки ноболиғ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ ба даст омада буданд. Гуфта мешавад, Вазорат бо […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз боз ду кӯдаки ноболиғ – шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, ҳамоҳангиҳои лозима ҷиҳати баргардонидани боз ду кӯдаки ноболиғ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ ба даст омада буданд.

Гуфта мешавад, Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш чор нафар кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Инҳо бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.