Занозании тоҷикону ӯзбекон дар майдони сохтмони Питер

Дар шимоли шаҳри Санкт-Петербург санаи 27 июн байни коргарони сохтмон – муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷанҷолу занозанӣ рух дод, хабар медиҳад Фонтанка. Бино ба навиштаи нашрияи Питер, як тоҷикистонии 18-сола ва як шаҳрванди 37-солаи Ӯзбекистон бо ҷароҳат ба бемористон оварда шудаанд. Овозҳову фарёдро аз майдони сохтмон сокинони маҳаллӣ шунила, пас аз дидани ба ҳамдигар […]

Asia-Plus

Дар шимоли шаҳри Санкт-Петербург санаи 27 июн байни коргарони сохтмон – муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷанҷолу занозанӣ рух дод, хабар медиҳад Фонтанка.

Бино ба навиштаи нашрияи Питер, як тоҷикистонии 18-сола ва як шаҳрванди 37-солаи Ӯзбекистон бо ҷароҳат ба бемористон оварда шудаанд.

Овозҳову фарёдро аз майдони сохтмон сокинони маҳаллӣ шунила, пас аз дидани ба ҳамдигар бо чӯбу санг ва арматура ҳамла кардани ҷангандагон, онҳо пулисро даъват мекунанд.

Ба иттилои «Фонтанка», вақте мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, занозанӣ аллакай ба охир расида буд. Аммо шом 30 иштирокчии муноқиша ихтиёрӣ ба мақомоти пулис мераванд, ки 26 нафари онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ду нафар тоҷикистонӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷон будаанд. Аз ин шумор нисбати 19 нафар барои риоя накардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи ҳузур санадҳо тартиб дода шуда, нисбати 11 нафар аз рӯи майдаавбошӣ чора дида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.