Дастгирии БАТР ва Швейтсария аз тиҷорати меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод, семинари омӯзишиеро барои соҳибмулкон ва роҳбарони осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва маҷмӯи хизматрасониҳои сарироҳӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар мавзӯи: "Идоракунии меҳмонхонаҳо: таҷрибаи беҳтарин дар идоракунии меҳмонхона" баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар […]

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод, семинари омӯзишиеро барои соҳибмулкон ва роҳбарони осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва маҷмӯи хизматрасониҳои сарироҳӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар мавзӯи: "Идоракунии меҳмонхонаҳо: таҷрибаи беҳтарин дар идоракунии меҳмонхона" баргузор намуд.

Чорабинии мазкур дар меҳмонхонаи Sheraton баргузор гардида, коршиносони сатҳи байналмилалӣ, ҳамоҳангсози  БАТР Ролландс Репша  ва  мушовири байналмилалӣ бо таҷрибаи ғанӣ дар идоракунии меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо, директори собиқи меҳмонхонаи “Le Meridien  Hotel golf” ва  “Country Club Resort” дар шаҳри Маскав, директори генералии меҳмонхонаи «Қасри Невский»-и Санкт-Петербург, ва « Метехи Палас»-и Тбилиси Фердинанд Виеленд ба иштирокчиён нозукиҳои тиҷорати меҳмонхонаро омӯхтанд.

Дар рафти чорабинӣ 30 нафар соҳибмулкон ва роҳбарони меҳмонхонаҳои маҳаллӣ иштирок намуда, дар бораи тамоюли рушди ҷаҳонии бозори меҳмонхона ва ҷанбаҳои муҳими идоракунии он, ба монанди истифодаи самараноки захираҳо, идоракунӣ, фурўш, маркетинг, сифати хизматрасонӣ ва ғайра маълумоти муфид ба даст оварданд.

Тибқи гузориши Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд «Муҳити бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ба шумор рафта, дар сурати рушд кардани он метавон буҷаи кишварро аз ҳисоби даромади соҳа ғанӣ гардонид. Помир ва водии Зарафшон ду самти асосии сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, кишвар дорои иқтидори бойи захираҳои ҷолиби сайёҳист, ки он  барои фаъолияти ширкатҳои хусусӣ дар бахши меҳмондорӣ ҷиҳати қонеъ кардани талаботи сайёҳон дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳа хеле муҳим аст.

Баъд аз анҷоми омӯзиш коршиносони байналмилалӣ дар алоҳидагӣ бо соҳибмулкон ва роҳбарони меҳмонхонаҳо суҳбат ороста, ба саволҳои онҳо посух гуфтанд

Фардо коршиносони байналмилалӣ аз якчанд меҳмонхона ва осоишгоҳҳо бо мақсади кӯмак ба роҳбарияти онҳо ҷиҳати рушди тиҷорат сафар мекунанд.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд шуруъ аз соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолият менамояд ва дар ин муддат ба зиёда аз 600 корхонаҳои хурду миёна кӯмак намуда, дар ислоҳоти соҳаҳои ба монанди тандурустӣ, об ва идоракунии захираҳои табиӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ба адолат, инчунин мусоидат ба гузаштани кишвар ба иқтисоди бозоргонӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.