Тӯли даҳсолаи охир Тоҷикистон баҳри муттаҳид намудани кӯшишҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъмини оби бехатар ва тозагию беҳдошт барои ҳамаи кӯдакон, модарон ва оилаҳо саҳми назаррас гузоштааст. Ҳадафи Рушди Устувор 6: “Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама” тасдиқи ин уҳдадории байналмилалӣ буда, амалисозии он афзалияти глобалии рушд ва заминаи асосӣ барои ҷомеаҳои устувор, баробарҳуқуқ ва пешрафта мебошад.
Рӯзҳои 20-22 июн дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор шуд.
Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиши байналмилалӣ рӯзи 19-уми июн бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) чорабинии пеш аз конфронс таҳти унвони “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” доир гардид.
Ҳамоиши мазкур аз се ҷаласаи ба ҳам алоқаманд иборат буд: 1. Садои кӯдакон: мизи гирд бо писарон ва духтарон; 2. Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: баррасии масоили Рушди барвақтии кӯдакон ва об, санитария ва беҳдошт (WASH); 3. Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти об, санитария ва беҳдошт.
Анҷуман дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 350 шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон гузаронида шуд. Дар он вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода, намояндаи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) Герда Вербург, намояндаи доимии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питерс Олтерс, сардори шуъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мачей Мадалински ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ суханронӣ карданд.
Зимнан таъкид гардид, ки бо истифода аз принсипҳои ҳуқуқи инсон, шарикии инноватсионӣ ва технологияи дастрас, шахсони масъул дар сатҳи қабули қарор метавонанд уҳдадориҳо оид ба густариши дастрасӣ ба оби бехатар ва шароити зарурии беҳдоштӣ барои ҳамаи кӯдакон дар ҷаҳонро ба зиммаи худ бигиранд. Дастрасии оби бехатар ба таҳсили кӯдакон низ кумак мерасонад: агар онҳо ба обкашонӣ машғул набошанд, барои иштирок дар дарсҳо вақти бештар хоҳанд дошт. Агар дар мактабҳо оби тоза, ҳоҷатхона ва собуни дастшӯйӣ мавҷуд бошад, кӯдакон аз муҳити солими таълимӣ баҳравар хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ғолибони озмуни ҷумҳуриявии иншо дар мавзӯи “Аҳамияти дастрасӣ ба об, санитария ва беҳдошт барои таҳсилоти босифат” роҷеъ ба ин масоили мубрам табодули назар карданд. Зимнан Мирфозил Назаров, муҳассили синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода чунин иброз дошт: «Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби нӯшокӣ мебошад. Моро лозим аст, ки ба қадри оби зулолу ширини диёри худ бирасем, ба ифлосшавии он роҳ надиҳем ва маърифати экологии худро баланд бардошта, аз исрофи об парҳез кунем».
Дар навбати худ Зебонисо Мирзокаримова, хонандаи синфи 11-и Муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз шаҳри Бохтар гуфт: «Имрӯзҳо олимони дунё бонги изтироб мезананд, ки аз сабаби гармшавии иқлим пиряхҳои ҳазорсола босуръат об мешаванд. Агар ин аҳвол давом ёбад, мардуми сайёра бо хатари беобӣ рӯ ба рӯ мегарданд».
Ҳамзамон Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 аз ноҳияи Деваштич таъкид дошт: «Имрӯз муаммое ҳаст, ки дар атрофи он андеша бояд кард: ҳифзи об ва расидан ба қадри ин неъмати интиҳоёбанда. Ман ҷумаки кушодамондаи оби кӯча, ба ҷӯйборҳо партов партофтани мардум, дар ҳавзҳои ифлос оббозӣ кардани кӯдаконро пеши назар меорам. Хулоса мебарорам, ки об метавонад сабабгори ҳам солимӣ ва ҳам беморӣ шавад».
«Об яке аз сарватҳои табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Агар мо обро сарфа кунем ва тозагии онро таъмин созем, ҳаёти солим хоҳем дошт», – баёни андеша кард Шаҳноза Фазлоншоева, толибилми синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ноҳияи Шуғнон.
«Муносибати сокинони сайёраи Замин нисбат ба сарватҳои табиӣ чунон аст, ки гӯё ин захираҳо ҳаргиз тамом намешаванд. Мо ба дараҷае оби нӯшокиро масраф мекунем, ки баъзан даҳшат фаро мегирад – дар оянда моро чӣ интизор аст?» – изҳори нигаронӣ кард Милана Бердникова аз шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Анҷуман ҳамчунин барои шунидани садои кӯдакон ва наврасон, духтарон ва писарон аз тамоми қаламрави Тоҷикистон оид ба масоили таъмини об, санитария ва беҳдошт фазои мусоид фароҳам овард. Парчами Обии Кӯдакон, ки фарогири даҳҳо тасвири кашидаи кӯдакону наврасон аз 68 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд истифода гардид.
Иштирокдорони ҳамоиш иртиботи таъмини об, санитария ва беҳдоштро бо рушди барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ карданд.
Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ буд, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ба маърази тамошо гузошта шуданд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, санитария ва беҳдошт тарҳрезӣ карданд.
Дар ҷамъбаст маросими супоридани мукофотҳо ба 3 лоиҳаи беҳтарин доир гардид. Зимнан дастаи “Муъҷиза” аз ноҳияи Ашт дар натиҷаи овоздиҳии пӯшидаи худи наврасон сазовори мақоми аввал дониста шуда, дастаҳои “Истиқлол” аз ноҳияи Рӯдакӣ ва “Kind Thinkers” (“Мутафаккирони хайрхоҳ”) аз шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
ПАЁМҲОИ КАЛИДӢ ВА РАҚАМҲО:
– Оби нӯшокии бехатар барои кӯдакон ҳаётан муҳим аст. Обе, ки кӯдакон менӯшанд, ба саломатӣ ва рушди ақлонию ҷисмонии онҳо таъсир мерасонад. Агар кӯдакон оби ифлос нӯшанд, гирифтори бемориҳо мешаванд. Ба ҷуз ин, низоми сусти беҳдоштӣ боиси паҳншавии бемориҳоии сироятӣ мегардад.
– Дар ҷаҳон 2,1 миллиард нафар ба оби тозаи бехатар дастрасӣ надоранд.
– Ҳамарӯза беш аз 700 кӯдаки то панҷсола аз бемориҳое мефавтанд, ки ба оби ифлосу вазъи ногувори беҳдоштӣ марбутанд.
– 844 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон (ҳар 9-умин шахс) ҳанӯз ҳам ба хати обтаъминкунӣ дастрасӣ надоранд ва наздиктарин сарчашмаи оби ошомиданӣ дар масофаи рафтуомади 30-дақиқаина аз манзилашон ҷойгир аст.
– Ҳадди ақалл барои 263 миллион нафар вақти умумии рафтуомади обкашонӣ беш аз 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
– Тағйири иқлим хатари хушкшавӣ, маҳв ё ифлосшавии сарчашмаҳои обро ба вуҷуд овардааст. То соли 2040 наздик ба 600 миллион кӯдак дар минтақаҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки аз норасоии об азият мекашанд.
– Дар соли 2017 ЮНИСЕФ барои дастрасии беш аз 30 миллион нафар дар 77 кишвари ҷаҳон ба об, санитария ва беҳдошт мусоидат кардааст.


