Имомхатиби Хуҷанд дар мактабҳо ҷорӣ кардани фанни омӯзиши Исломро пешниҳод кард

Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ – омили асосии бунёди ҷомеаи девократӣ ва ҳуқуқӣ» имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода изҳор намуд, ки «хуб мешуд, агар дар мактабҳо фанни омӯзиши Исломи ҳақиқиро ҷорӣ мекарданд». Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ – омили асосии бунёди ҷомеаи девократӣ ва ҳуқуқӣ» имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода изҳор намуд, ки «хуб мешуд, агар дар мактабҳо фанни омӯзиши Исломи ҳақиқиро ҷорӣ мекарданд».

Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар вилояти Суғд созмон дода шуда, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон баргузор шуд.

Калонзода қайд кард, ки пешниҳоди ҷорӣ кардани чунин фанни таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ яке аз омилҳои муқовимат ба қабули таҳрифшудаи ислом аз ҷониби ҷавонон хоҳад шуд, «то ки ҷавонон муқоиса карда тавонанд, ки исломи асил дар куҷост».

Сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлия Раъно Каримзода зикр кард, ки мушкилоти шарҳи нодурусти қонуну ақидаҳои исломӣ хеле ҷиддӣ аст.

«Мо бояд бо ин мушкилот ҳамроҳ мубориза бурда, бо ҳар роҳу восита аз ҷалби ҷавонон ба созмонҳои терористиву ифротгаро ва иштироки онҳо дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар пешгирӣ кунем», – иброз дошт ӯ.

Муовини сардори шуъбаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Ғолиб Қаландаров дар навбати худ иттилоъ дод, ки айни замон беш аз 80 нафар занон ва 80 нафар ноболиғон аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд дар Сурия қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.