Дар нерӯгоҳи Роғун ротори агрегате насб шуд, ки бояд тирамоҳи имсол ба кор дарояд

Ротори нахустин аз шаш гидрогенераторҳои ояндаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун насб шуд. Мавриди баҳрабардории ин агрегат бояд моҳи ноябри соли равон доир гардад. «Мутахассисони Днепр-СГЭМ дар ҳамдастӣ бо муҳандисони корхонаи «Электротяжмаш» ва раҳбарияти нерӯгоҳ ротори гидрогенератори №6-ро ба ҷойи таъиншуда насб карданд», – қайд мешавад дар маълумоти Днепр-СГЭМ. Ротори вазнаш 850 тонна рӯзи 5 июл […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ротори нахустин аз шаш гидрогенераторҳои ояндаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун насб шуд. Мавриди баҳрабардории ин агрегат бояд моҳи ноябри соли равон доир гардад.

«Мутахассисони Днепр-СГЭМ дар ҳамдастӣ бо муҳандисони корхонаи «Электротяжмаш» ва раҳбарияти нерӯгоҳ ротори гидрогенератори №6-ро ба ҷойи таъиншуда насб карданд», – қайд мешавад дар маълумоти Днепр-СГЭМ.

Ротори вазнаш 850 тонна рӯзи 5 июл насб шуд. Зикр мегардад, ки он дар шароитҳои душвори ҳамроҳ ба иҷро расонидани корҳои сохтмону пармакуниву таркишҳо дар толори мошинҳо васлу дуруст шудааст.

Дар маълумот таъкид мешавад, ки агрегати №6 бояд санаи 16 ноябри соли 2018 ва агрегати №5  – соли 2019 ба кор дароварда мешавад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.