Кормандони милитсияи пойтахт занеро аз худкушӣ наҷот доданд

Date:

Сержанти баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Далерҷон Неъматуллоев бо ду нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Саъдӣ Мирзошоев ва Насим Шерхонов як зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзобро аз худкушӣ наҷот доданд.

Бино ба маълумоти дафтари мтбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 9-уми июли соли ҷорӣ тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ки соҳиби се фарзанд мебошад, бо мақсади худкушӣ аз болои пули кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофта, мехост худро ба ҳалокат расонад.

Гуфта мешавад, корманди милитсия ва сарбозон, ки пайи адои вазифаҳои хизматӣ буданд, бо мушоҳидаи ғарқшавӣ дарҳол занро наҷот додаанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2017 дар Тоҷикистон 497 нафар занон даст ба худкушӣ задаанд, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 99 ҳолат камтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...