Парчами Тоҷикистон дар қуллаи Карл Маркс парафшон шуд

Date:

Дастаи кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Карл Марксро дар Помир фатҳ намуданд, ки баландиаш 6723 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора созмондиҳандаи экспедитсия, директори ширкати саёҳати Mountain Adventure Travel Tajikistan  Дилшод Каримов хабар дод.

Даста 1 июл аз Душанбе ба қаторкӯҳи Шоҳдараи Помир раҳсипор шуда, дар баландии 5600 метр барои таваққуф лагер бунёд намуд ва 3 июл ба фатҳи қулла оғоз кард.

Панҷ нафар аз кӯҳнавардони тоҷик – Рашид Тахамуродов, Дониёр Каримов, Далер Зувайдов, Влад Янкин ва Шаъбон Яфталиев ба фатҳи қуллаи Карл Маркс муваффақ гардида, санаи 10 июл парчами Тоҷикистонро дар он парафшон карданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Куллаи Карл Марк, манзара аз самти ҷанубу ғарб

Пас аз фатҳи қулла онҳо тариқи алоқаи моҳвораӣ дар бораи анҷоми муваффақонаи қисмати аввали экпедитсия ба Дилшод Каримов хабар медиҳанд.

«Ин экспедитсия ба Соли рушди сайёҳӣ бахшида шудааст, – гуфт Дилшод Каримов. – Қобили зикр аст, ки ҳамаи кӯҳнавардони мо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пеш аз ташкили экспедитсия мо хатсайрро бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мувофиқа карда, дар ҳайати дастаи мо намояндаи ин Кумита – Шаъбон Яфталиев ҳам ҳузур дорад. Кӯҳнаварди соҳибтаҷрибаи даста Рашид Тахамуродов мебошад, ки 55-сола аст. Дигар аъзои даста ҷавонон ва роҳбаладони ширкати сайёҳии Mountain Adventure Travel Tajikistan мебошанд».

Қуллаи Карл Маркс нуқтаи баландтарини қаторкӯҳи Шоҳдара мебошад, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Помир воқеъ аст. Тибқи маълумоти кӯҳнавардон, қуллаи Карл Маркс яке аз қуллаҳоест, ки баромадан ба он хеле душвор аст: нишебии миёна дар он наздики 70°-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...