Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрии сарони кишварҳоро баррасӣ мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 16 июл дар Фарғона бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дидору гуфтушунид мекунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Ба ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои иқтисодии ҳарду кишвар шомиланд. Дар мулоқоти ҳайати ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, пеш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 16 июл дар Фарғона бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дидору гуфтушунид мекунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои иқтисодии ҳарду кишвар шомиланд.

Дар мулоқоти ҳайати ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба баррасии масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, пеш аз ҳама, ба ҷараёни омодагӣ ба дидору гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи олӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҷонибҳо рафти амалисозии созишнома ва қарордодҳоеро, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи март ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, низ баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи августи соли равон бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.