Тақдими таҷҳизоти дафтари корӣ ба Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон аз ФАО ва ИА

Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ пешниҳод намуд, ки мақсади аслии он мусоидат ба таҳкими иқтидори миллӣ дар баррасии хавфҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ мебошад. Таҷҳизоти пешниҳодшуда яке аз ҳадафҳои лоиҳаи оид ба «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  […]

Иттилоияи расмӣ

Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ пешниҳод намуд, ки мақсади аслии он мусоидат ба таҳкими иқтидори миллӣ дар баррасии хавфҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ мебошад.

Таҷҳизоти пешниҳодшуда яке аз ҳадафҳои лоиҳаи оид ба «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  давлатии  байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» мебошад. Маблағгузорӣ, тавассути Барномаи рушди деҳот-1 дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо  фароҳам мегардад, бо буҷаи кулли 5 миллион евро амалӣ шудааст.

Таҷизоти компютерӣ асосан барои истифодаи системаҳои замонавӣ, ки барои санҷиши тасодуфӣ ва ташхиси бемориҳо асос ёфтаанд, истифода хоҳанд шуд. Шумораи таҷҳизот аз панҷ компютери муосир, панҷ принтер (се дар як), светчер барои IP суроғаҳо, кабел ва дигар лавозимот барои насби шабака, иборат мебошад.

Дар маросими супоридани таҷҳизот намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, Олег Гучгелдиев ва намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Ором Зиёев иштирок карданд.

"Таҳкими низоми амнияти озуқавории кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Якҷоя бо дастгирии шарикон мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки натиҷаҳои беҳтарро ба даст орем. Ман мехоҳам миннатдории худро ба Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Душанбе барои дастгирии техникии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Тоҷикистон изҳор намоям", – гуфт Ором Зиёев, намояндаи Кумита.

"Фаъолияти ФАО бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамшарикӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар маҷмӯъ бехатарии озуқавориро тақвият дода, ба ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон дар кишвар мусоидат менамояд. Бо роҳи баланд бардоштани иқтидори кормандони вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳо, мақсад ҳаст, ки сифати идоракунӣ беҳтар карда шавад ва ҳамоҳангсозии хуб бо пешниҳоди иттилоот дар байни ҳамаи тарафҳои манфиатдор таъмин карда шавад, – гуфт намояндаи ФАО Олег Гучгелдиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.