Худкушии зану шавҳар дар Конибодом як моҳ пеш аз тӯйи духтарашон

Додситонии шаҳри Конибодом ба таҳқиқи худкушии як зану шавҳар оғоз кардааст, ки гӯё ба сабаби “бокира” набудани духтарашон қасди ҷони худ кардаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба як манбаъ аз додситонии шаҳр, ҳодиса рӯзи 14-уми июл рух додааст. Мақомот гуфтаанд, Муродҷон Ғаниев, сокини ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом, худро шаби 13 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии шаҳри Конибодом ба таҳқиқи худкушии як зану шавҳар оғоз кардааст, ки гӯё ба сабаби “бокира” набудани духтарашон қасди ҷони худ кардаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба як манбаъ аз додситонии шаҳр, ҳодиса рӯзи 14-уми июл рух додааст. Мақомот гуфтаанд, Муродҷон Ғаниев, сокини ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом, худро шаби 13 ба 14-уми июл дар хона овехтааст.

Субҳи ҳамон рӯз ҳамсари ӯ, Шоирахон Ғаниева ҳамроҳ бо духтари 19-солааш аз хона берун омада ва бо таксӣ ба соҳили канали Фарғона рафтаанд, то худро ба об андозанд. Дадохон Солиев раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Сари Кӯй гуфтааст, соати 4-и бомдоди 14 июл Шоира Ғаниева ба қасди худкушӣ назди канали Конибодом ҳозир мешаванд.

Нахуст, модараш худро ба канал андохта, вале духтар ҷуръат намекунад худро ба об партояд. Чун ҳодиса дар наздикии истгоҳи таксӣ ҷараён мегирад, ронандаҳои таксӣ, монеи худкушии духтар мешаванд. Зану шавҳар 42-сола будаанд.

Манбаъ дар додситонӣ гуфт, ки сабабҳои аслии худкуширо таҳқиқ мекунанд, вале аз гуфтани фарзияҳои қасд ба ҷони худ кардани аҳли як хонавода худдорӣ кард. Онҳо мегӯянд, ки ягона шоҳиди фоҷиа духтари хонавода ҳолати бади равонӣ дорад ва дар вазъе нест, ки ба суолҳои муфаттишон ҷавоб дода тавонанд.

Аюбҷон Тоҳиров, як масъули ҷамоати Пӯлодон гуфтааст, ки зану шавҳарро рӯзи 16-уми июл дафн кардаанд. Ӯ гуфт, аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорад, вале медонад, ки духтари ин хонавода бояд рӯзи 13-уми август издивоҷ мекард ва ба ҷашни арӯсӣ омодагӣ мегирифт. Домод дар Русия будааст.

Айни замон Маҳмуди Ашӯрмаҳмад, хабарнигор аз Конибодом дар Фейсбук навиштааст, ки ин хонавода аз ҷамоати Пӯлодон гӯё ба он сабаб қасди ҷони худ кардаанд, ки “ташхиси қабл аз издивоҷ нишон додааст, ки духтари 19-солаашон бокира нест.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.