Хадамоти алоқа: барои фурӯши телефонҳо дар Тоҷикистон сертификат лозим аст

Ба фурӯши телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон танҳо ширкат ва шахсоне, ки сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаро гирифтаанд, машғул шуда метавонанд, хабар дод зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода. «Дар баробари Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти алоқа низ ба санҷиши сифат ва мутобиқати меъёрҳои телефонҳои мобилӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, салоҳият […]

Asia-Plus

Ба фурӯши телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон танҳо ширкат ва шахсоне, ки сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаро гирифтаанд, машғул шуда метавонанд, хабар дод зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода.

«Дар баробари Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти алоқа низ ба санҷиши сифат ва мутобиқати меъёрҳои телефонҳои мобилӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, салоҳият дорад», – изҳор дошт Абдураҳмонзода.

Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти алоқа бо пардохти маблағ сертификати мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалиро дар варақаҳои намунаҳои муқарраршуда медиҳад.

«Тамоми телефонҳои мобилӣ бояд мавриди санҷиш қарор гиранд. Барои фурӯши телефонҳо бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ чор нафар фурӯшандагон ҷазо гирифтанд. Ин тадбирҳо бо мақсади таъмини амният дар кишвар рӯйи даст гирифта шудааст», – гуфт муовини сардори Хадамот.

Дар ҳамин ҳол, ду сол пеш дар назди оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком», ки зангҳои мобилӣ ва интернет-трафики ҳамаи операторон ва провайдерон тариқи он мегузаранд, Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯТ) таъсис дода шуд. Ҳамчунин Хадамоти алоқа ба ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони алоқаи мобилӣ дастур дод, ки интернетро танҳо аз «Тоҷиктелеком» дастрас кунанд.

Ба саволи журналистон дар хусуси ба монополия шабоҳат доштани ин амал, муовини сардори Хадамот Илҳом Отаев изҳор дошт, ки ҳамаи тадбирҳои зикршуда дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама, ба таъмини амният равона шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.