Дар Душанбе Фестивали тобистона баргузор мешавад

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзҳои 18-19 августи соли равон дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ баргузор намудани Фестивали тобистонаи Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт амалӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар доираи чорабиниҳои фестивал ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ, консерту намоишномаҳои театрии устодони санъати ҷумҳурӣ, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон ва шахсони маъруфи ҷумҳурӣ дар назар аст.

Барои онҳое, ки дар макони баргузории чорабиниҳо ҳузур дошта наметавонанд, ҷараёни фестивал дар мониторҳои насбшуда дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр намоиш дода мешавад. Фестивали тобистона анъанавӣ шуда, минбаъд ҳамасола гузаронида хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...