Боми биноҳои Душанбе акнун бояд танҳо ду ранг дошта бошанд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон бар асоси дастури ҳукумат тасмим гирифт, ки боми биноҳои шаҳру навоҳии кишвар ба ранги ягона дароварда шаванд. Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар заминаи тасмими мазкур раиси шаҳри Душанбе низ қарори дахлдор ба имзо расонидааст. Акнун, ба гуфтаи Аҳмадзода, боми […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон бар асоси дастури ҳукумат тасмим гирифт, ки боми биноҳои шаҳру навоҳии кишвар ба ранги ягона дароварда шаванд.

Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар заминаи тасмими мазкур раиси шаҳри Душанбе низ қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Акнун, ба гуфтаи Аҳмадзода, боми ҳамаи биноҳое, ки дар пойтахт мавриди истифода қарор мегиранд, бояд ранги мушаххас дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки дастур ҳамчунин ба бноҳои аллакай сохташуда низ дахл дорад.

«Мо исрор намеварзем, ки худи ҳамин рӯз бомҳо иваз ва ба ранги тавсияшуда дароварда шаванд. Ин кор тадриҷан амалӣ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Мувофиқи қарори қабулкардаи раиси пойтахт, акнун биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва истеҳсолии соҳили чапи дарёи Душанбе ранги сабз ва соҳили рост – ранги ҷигарӣ (бордовый) мегиранд.

Дар қарор зикр мегардад, ки ин тадбир баҳри «боз ҳам симои зеботару ҷолиб ба худ касб кардани шаҳри Душанбе» рӯй даст гирифта мешавад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамчунин қайд кард, ки ин дастур натанҳо ба шаҳри Душанбе, балки ба ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дахл дорад.

«Иқтидоми мазкур ба он равона гардидааст, ки боми биноҳои мо низ чун дар шаҳрҳои аврупоӣ намуди зебо дошта бошанд», – афзуд номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио