Эълони айб ва ба ҳабс гирифта шудани Диловар Гулов

Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Диловар Гулови 26-сола, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратураи Тоҷикистон хабар дод, парванда мутобиқи моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Авбошӣ бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда) оғоз гардидааст. «Ӯ ва чор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Диловар Гулови 26-сола, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратураи Тоҷикистон хабар дод, парванда мутобиқи моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Авбошӣ бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда) оғоз гардидааст.

«Ӯ ва чор нафар дӯстонаш, ки шоми рӯзи 8 июл дар лату кӯби афсари милитсияи 33-сола, корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозода даст доштанд, ба ҳабс гирифта шуданд», – иттилоъ дод манбаъ.

Қобили зикр аст, ки барои содир  намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи дар боло зикршуда таъини ҷазои аз 5 то 7 соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Муноқиша миёни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Афсари милитсия мошинро боздошта, ба Гулов эрод мегирад, ки ӯ барои ҳаракати ронандагони дигар монеъа эҷод карда истодааст ва барои ин эродаш лату кӯб мешавад.

Пас аз муноқиша Гулов пинҳон шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд, лекин рӯзи дигар худаш барои додани баёнот ба милитсия омад. Баъди бозпурсӣ таҳти баёноти тарк накардани манзил ӯ ҷавоб дода шуд.

Корманди милитсияи латукӯбшуда бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар он ҷо муолиҷа мегирад. Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио