Дарёфти ҷасади духтари 5-солаи тоҷик дар вилояти Маскав

Дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав рӯзи 23 июл ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шудааст, ки чанде қабл бедарак шуда буд. Дар ин бора «Московский комсомолец» хабар медиҳад. Духтари 5-сола рӯзи 22 июл ҳангоми бозӣ назди ҳавлии хонаашон бедарак мешавад. Волидони духтар бо забони русӣ ҳарф намезананд, аз ин […]

Asia-Plus

Дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав рӯзи 23 июл ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шудааст, ки чанде қабл бедарак шуда буд. Дар ин бора «Московский комсомолец» хабар медиҳад.

Духтари 5-сола рӯзи 22 июл ҳангоми бозӣ назди ҳавлии хонаашон бедарак мешавад. Волидони духтар бо забони русӣ ҳарф намезананд, аз ин рӯ, дар бораи гумшавии кӯдак нахуст бо дархости онҳо ҳамсояҳояшон хабар додаанд. Рӯзи дигар гурӯҳи ихтиёриён ва кормандони пулис бо ёрии саги хизматӣ сумкаи варзиширо бо ҷасади духтар дар дохили он дарёфт мекунанд. Дар ҷасдл осори зӯроварӣ дида нашудааст.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.

Ҳамсояҳои боздоштшуда изҳор намудаанд, ки моҳи гузашта ду духтар аз он шикоят кардаанд, ки ин мард дар ҷангали наздики хонаашон бо шимҳои фароварда аз қафои онҳо давидааст. Модарони духтарҳо ба пулис муроҷиат намуда, вале онҳо парвандаи ҷиноӣ боз накарда, танҳо гузаронидани суҳбат бо мардро кофӣ донистаанд. Мард гуфтааст, ки ба касе ҳамла накарда, танҳо қазои ҳоҷат кардан мехостааст.

Дар Кумитаи тафтишот зикр кардаанд, ки дар маҳалли дарёфти ҷасади духтар муфаттишон машғули таҳқиқ буда, баргузории ташхиси судиву тиббии ҷасад ва дигар чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ баҳри ба даст овардани далелҳо таъин шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.