Шӯрои нозирон бо роҳбарии сарвазир ба идоракунии “Тоҷик Эйр” машғул мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Шӯрои нозирони ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъсис ва муқаррароту ҳайати он тасдиқ карда шавад. Қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 10 июли соли равон ба имзо расид. Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо Агентии авиатсияи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Шӯрои нозирони ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъсис ва муқаррароту ҳайати он тасдиқ карда шавад. Қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 10 июли соли равон ба имзо расид.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар муҳлати як моҳ ба ҳукумат дар мавриди ба мутобиқат овардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тибқи қарори мазкур пешниҳод таҳия намоянд.

Шӯрои нозирони ҶСК “Точик Эйр” аз ҷониби муассиси Ҷамъият – ҳукумат дар ҳайати на камтар аз 13 нафар тасдиқ мешавад.

Шӯроро сарвазир ба роҳбарӣ гирифта, ба ҳайати он муовини аввали сарвазир, муовини сарвазир (масъули соҳа), муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, вазирони молия, нақлиёт, адлия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии авиатсияи гражданӣ, директорони генералии “Тоҷик Эйр”, “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар шахсон шомил мешаванд.

Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои нозирон мувофиқи муқаррароти Шӯро ба фаъолияти пурсамари Ҷамъият масъул мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аз охири солҳои 2000-ум ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба мушкилоти молӣ дучор шуд. Мутахассисони ширкат сабаби инро ба нархи баланди сӯзишвории авиатсионӣ ва вазъи ноустувори иқтисодӣ нисбат медиҳанд. Онҳо бар ин назаранд, ки аз муфлисшавии ногузир ширкатро танҳо дастгирии давлат наҷот дода метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.