Ҳунарнамоии Ҷонибек Муродов ва Manizha дар фестивали Юрмала

Date:

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар фестивали байнулмилалии мусиқии «Лайма. Рандеву. Юрмала – 2018» ҳунарнамоӣ кард, ки созмондиҳандааш сарояндаи саршиноси Иттиҳоди Шӯравӣ ва Латвия Лайма Вайкуле мебошад.

Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Ҷонибек дар ин робита изҳор намуд, ки фестивал хеле хуб гузашта, аз он таасуроти амиқ бардоштааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Маро ба фестивал шахсан Лайма Вайкуле даъват кард, ки бароям ифтихори хеле бузург аст. Ба сураит умум муаррифии Тоҷикистон ифтихори бузург мебошад. Барои ин аз даргоҳи Худованд миннатдорам”, – илова кард Ҷонибек.

МЕДИА (YOUTUBE)

Боз як зодаи Тоҷикистон сароянда Manizha низ дар ин фестивал иштирок кард. Ӯ суруди эҷодкардаи худ “Не твое”-ро иҷро кард.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҷонибек Муродов писари Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов буда, айни замон тибқи қарордод, дар Украина кору зиндагӣ дорад. Manizha дар Русия – аксаран дар Маскаву Санкт-Петрубрг зиндагӣ ва ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, дар синни 2-солагиаш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...