Таҳсили беш аз 100 нафар хориҷиён дар донишгоҳи Бохтар

Дар соли нави хониш беш аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) таҳсил мекунанд. Бино ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Муҳаммад Шодиён, миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузур доранд. “Айни замон дар донишгоҳи мо 30 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсили илм доранд, ки як […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар соли нави хониш беш аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) таҳсил мекунанд.

Бино ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Муҳаммад Шодиён, миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузур доранд.

“Айни замон дар донишгоҳи мо 30 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсили илм доранд, ки як тан аз онҳо шаҳрванди Олмон ва донишҷӯи риштаи иқтисод аст”, – иброз дошт ректор.

Ҳамчунин зимнан таъкид шуд, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бо забони тоҷикӣ таҳсил намуда, барои онҳо давраҳои (курсҳои) омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил карда шудааст.

Ба гуфтаи Шодиён, афзоиши шумори донишҷӯёни хориҷӣ ба он вобаста аст, ки тавассути баргузории конфронсҳои байнулмилалии илмӣ нуфузи донишгоҳ боло рафта, минбаъд низ дар самти ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.