Ҳунарнамоии Ҷонибек Муродов ва Manizha дар фестивали Юрмала

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар фестивали байнулмилалии мусиқии «Лайма. Рандеву. Юрмала – 2018» ҳунарнамоӣ кард, ки созмондиҳандааш сарояндаи саршиноси Иттиҳоди Шӯравӣ ва Латвия Лайма Вайкуле мебошад. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Ҷонибек дар ин робита изҳор намуд, ки фестивал хеле хуб гузашта, аз он таасуроти амиқ бардоштааст. “Маро ба фестивал шахсан Лайма Вайкуле даъват кард, […]

Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар фестивали байнулмилалии мусиқии «Лайма. Рандеву. Юрмала – 2018» ҳунарнамоӣ кард, ки созмондиҳандааш сарояндаи саршиноси Иттиҳоди Шӯравӣ ва Латвия Лайма Вайкуле мебошад.

Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Ҷонибек дар ин робита изҳор намуд, ки фестивал хеле хуб гузашта, аз он таасуроти амиқ бардоштааст.

“Маро ба фестивал шахсан Лайма Вайкуле даъват кард, ки бароям ифтихори хеле бузург аст. Ба сураит умум муаррифии Тоҷикистон ифтихори бузург мебошад. Барои ин аз даргоҳи Худованд миннатдорам”, – илова кард Ҷонибек.

Боз як зодаи Тоҷикистон сароянда Manizha низ дар ин фестивал иштирок кард. Ӯ суруди эҷодкардаи худ “Не твое”-ро иҷро кард.

Ҷонибек Муродов писари Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов буда, айни замон тибқи қарордод, дар Украина кору зиндагӣ дорад. Manizha дар Русия – аксаран дар Маскаву Санкт-Петрубрг зиндагӣ ва ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, дар синни 2-солагиаш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.