Ӯзбекистон ба пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорони тоҷик оғоз мекунад

Санади ниҳоӣ оид ба маблағгузорӣ барои тиҷорат рӯзҳои наздик ба имзо мерасад, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 24 июл дар Душанбе раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода. Ба гуфтаи ӯ, ба воридкунандагони молу маҳсулоти Ӯзбекистон тавассути “Амонатбонк” беш аз 33 млн. доллар қарз ҷудо мешавад. Ҳакимзода қайд кард, ки баъди ба имзо расидани санад […]

Санади ниҳоӣ оид ба маблағгузорӣ барои тиҷорат рӯзҳои наздик ба имзо мерасад, – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 24 июл дар Душанбе раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода.

Ба гуфтаи ӯ, ба воридкунандагони молу маҳсулоти Ӯзбекистон тавассути “Амонатбонк” беш аз 33 млн. доллар қарз ҷудо мешавад.

Ҳакимзода қайд кард, ки баъди ба имзо расидани санад воридкунандагони тоҷикистонии молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи то 1 млн. доллар қарз дастрас карда метавонанд.

Механизми пешниҳоди қарз тариқи зайл аст: бонки Ӯзбекистон ба истеҳсолкунандагони кишвараш воситаҳои пулӣ медиҳад, ки аз ҳисоби он ширкат ё шахсони воридкунанда аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулот мегиранд. Дар ин ҷараён “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои тоҷикистонӣ мактуби кафолатнок медиҳад, ки ба воситаи он онҳо аз Ӯзбекистон маҳсулот дастрас мекунанд. Минбаъд ширкатҳои тоҷикистонӣ қарзро (бо сомонӣ) ба “Амонатбонк” пардохт мекунанд, ки дар навбати худ воситаҳоро ба асъор мубодила карда, онро ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.

Раиси “Амонатбонк” таъкид намуд, ки қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд, яъне барои молу маҳслуот – ба муддати 1 сол ва барои таҷҳизот – то 3 сол.

“Агар муҳлати қарз 1 сол бошад, меъёри фоиз ба он 8%-и солона ва беш аз 1 сол – 9%-и солонаро ташкил медиҳад”, – шарҳ дод ӯ ва илова намуд, ки аз рӯи ҳар як қарордоди ҷудогона метавон то 1 млн. доллар қарз гирифт.

Зимнан зикр гардид, ки аллакай аз 12 ширкатҳои тоҷикистонӣ ҷиҳати дастрас кардани қарзҳои Ӯзбекистон ба “Амонатбонк” дархост пешниҳод шуда, маблағи умумии бастаи дархостҳо айни замон 19,9 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.