Таъхири консертҳои Юлдуз Усмонова ба далели гармои шадид дар Ӯзбекистон

Сафари ҳунарии муштараки сарояндаи маъруфи ӯзбек Юлдуз Усмонова ва ҳаҷвнигори шинохта Обид Асомов ба шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон муваққатан қатъ шуда, барномаҳои эхълоншудаи консертии онҳо дар шаҳрҳои Намангону Бекобод ба таъхир афтоданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндагони Усмонова гуфтаанд, дар ҷараёни консертҳои гузашта чанд кас беҳуш ва ба беморхона интиқол дода шуд. Бинобар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сафари ҳунарии муштараки сарояндаи маъруфи ӯзбек Юлдуз Усмонова ва ҳаҷвнигори шинохта Обид Асомов ба шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон муваққатан қатъ шуда, барномаҳои эхълоншудаи консертии онҳо дар шаҳрҳои Намангону Бекобод ба таъхир афтоданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндагони Усмонова гуфтаанд, дар ҷараёни консертҳои гузашта чанд кас беҳуш ва ба беморхона интиқол дода шуд. Бинобар ин, созмондиҳандагон маҷбур шуданд, консертҳоро ба таъхир гузоранд ва сокинони Намангон, ки 22 июл барои тамошои консерт омада буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд.

“Тайи чанд моҳи ахир дар бораи консерти Усмонова огаҳӣ доданд. Вале консерти ӯ бо сабабҳои номаълум баргузор нашуд. Усмонова намангониҳоро фиреб дод. То ҳол пули билетҳоро барнагардонданд. Занони пиронсолу кӯдакон бо вуҷуди гармии 40-45-дараҷаӣ омада буданд. Аз Усмонова талаб дорем, ки аз сокинони Намангон узр пурсида, пули билетҳоро баргардонад”, – омадааст дар номаи як гуруҳи сокинони Намангон, ки нусхааш ба дасти Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ расидааст.

Сафари ҳунарии Юлдуз Усмонова ба шаҳру навоҳии Ӯзбекистон 8 июл оғоз шуда буд. Дар ин сафарҳо ҳаҷвнигори маъруфи ӯзбек Обид Асомов низ Усмоноваро ҳамроҳӣ мекард. Қарор буд, Усмонова 22 июл дар Намангон ва 23 июл дар Бекобод консерт диҳад.

Сухангӯи иттиҳодияи “Ӯзбекконсерт” хабари ба таъхир афтодани барномаҳои консертии Усмоноваро ба далели гармои шадид тасдиқ кардааст.

Барномаҳои консертии Усмонова дар Намангон ва рӯзи баъдаш дар Бекобод ба таъхир афтоданд. Созмондиҳандагон мегӯянд омодаанд, пули онҳоеро, ки ин таъхирро қабул надоранд, баргардонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.