Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон машғулияти оркестри давлатии камеравии асбобҳои мусиқии “Суғдиён”- Ӯзбекистон доир мегардад. Воридшавӣ озодона аст. Оғоз соати 10:00; – Дар бинои Театри ба ном Абулқосим Лоҳутӣ консерти муштараки гурӯҳи “Суғдиён” ва Владислав Миретский баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00. Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар […]

АНОНС

– Дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон машғулияти оркестри давлатии камеравии асбобҳои мусиқии “Суғдиён”- Ӯзбекистон доир мегардад. Воридшавӣ озодона аст. Оғоз соати 10:00;

– Дар бинои Театри ба ном Абулқосим Лоҳутӣ консерти муштараки гурӯҳи “Суғдиён” ва Владислав Миретский баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ  соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад;

– Роҳбарияти Бонки миллӣ соати 9 бо намояндагони ВАО дар бинои Бонки миллӣ мулоқот мекунад;

– Роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 14 дар толори ММҶ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4177 сомонӣ;

1 евро – 11.0253 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1498 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.

1984 – Кайҳоннавард Светлана Савитская миёни занон бори нахуст ба кайҳони кушод баромад.

2009 — Дар Хоруғ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фестивали фарҳангиву экологии «Боми ҷаҳон» доир гардид.

1925-1995 – Зодрӯзи арбоби ҷамъиятӣ, иштирокчии фаъоли ҶБВ, пулемётчӣ Мирзо Бобоҷонов, ки аслиҳаи ӯ дар яке аз осорхонаҳои Маскав нигоҳ дошта мешавад.

1940 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лола Баракаева.

1945 – Зодрӯзи журналист Аъзам Мӯсоев.

1947-1997 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Юнусов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +19+24, рӯзона +30+35.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +16+21, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +18+23.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.