Ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 7% афзуд

Пас аз поинравии семоҳа моҳи июли соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон барқарор шуд. «Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағ айни замон 7%-ро ташкил медиҳад, яъне нисбат ба соли пешин тахминан 90 млн. доллар бештар маблағ ворид шуд», – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз поинравии семоҳа моҳи июли соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон барқарор шуд.

«Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағ айни замон 7%-ро ташкил медиҳад, яъне нисбат ба соли пешин тахминан 90 млн. доллар бештар маблағ ворид шуд», – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл дар Душанбе раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ӯ қайд кард, ки давоми моҳҳои апрел-июни соли ҷорӣ коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо нисбат ба ҳамин дарви соли 2017 ба қайд гирифта шуда, айни замон вазъ ба эътидол омад ва афзоиш оғоз гардид.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар наздики 2,6 млрд. долларро ташкил дод.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки тақрибан 86%-и маблағҳо бо рубли русӣ ворид шуданд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2016 маблағҳои бо рубл фиристодашуда ба Тоҷикистон танҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ дода мешаванд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки тадбири мазкур ба нигаҳдории қурби арзи миллӣ дар сатҳи муайян мусоидат намуда, Бонки миллӣ алҳол аз ин механизм даст кашиданӣ нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.