Мо санҷидем: Тоҷикистон ба 5-гонаи кишварҳои қашшоқтарин шомил нест

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инфографикаи Focus Economics чарх мезананд, ки дар он миёни кишварҳои қашшоқтарини ҷаҳон аз рӯи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон мақоми 4-умро ишғол мекунад. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти Focus Economics, соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 835,97 долларро ташкил дода, бо ин нишондиҳанда гӯё Тоҷикистон дар рейтинги […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инфографикаи Focus Economics чарх мезананд, ки дар он миёни кишварҳои қашшоқтарини ҷаҳон аз рӯи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон мақоми 4-умро ишғол мекунад.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти Focus Economics, соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 835,97 долларро ташкил дода, бо ин нишондиҳанда гӯё Тоҷикистон дар рейтинги қашшоқтарин кишварҳои саросари дунё зинаи 4-умро касб мекунад.

Рейтинги шубҳанок

Зимни таҳияи рейтинг Focus Economics нишондиҳандаи танҳо 127 кишварро ба инобат гирифтааст. Дар ин даҳгона Бурунди, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Судони Ҷанубӣ, Малави, Мадагаскар ва Афғонистон ҳузур надоранд, ки дар дигар раддабандиҳо, аз ҷумла рейтинги Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) зикр мешаванд.

Тибқи пешгӯии ХБА барои соли 2018, байни 193 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 20-ум миёни қашшоқтарин давлатҳои саросари дунё қарор дорад.

Дар рейтинги Focus Economics мавқеи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ асоси воқеӣ надорад. Дар ин рейтинг Қирғизистон дар зинаи 10-ум қарор дорад, дар рейтинги ХБА бошад, дар мақоми 31-ум. Дар рейтинги Focus Economics Ӯзбекистон дар зинаи 8-ум ва дар рейтинги ХБА бошад, миёни давлатҳои қашшоқтарин дар мақоми 33-ум ҷойгир шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов