Нигаронии Бонки ҷаҳонӣ аз қарзҳои зиёди корхонаҳои давлатии Тоҷикистон

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатиро аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мансуб медонанд. Иқтисодчиёни ин ниҳоди молиявӣ дар навбати аввал аз қарзҳои андози корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор менамоянд. Дар гузориши чанд рӯз пеш нашршудаи ин ниҳоди молиявӣ қайд мешавад, ки нисфи қарзи умумӣ ба корхонаҳои бузурги давлатӣ рост омада, соли 2017 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатиро аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мансуб медонанд.

Иқтисодчиёни ин ниҳоди молиявӣ дар навбати аввал аз қарзҳои андози корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор менамоянд.

Дар гузориши чанд рӯз пеш нашршудаи ин ниҳоди молиявӣ қайд мешавад, ки нисфи қарзи умумӣ ба корхонаҳои бузурги давлатӣ рост омада, соли 2017 он ба наздики 315 млн. сомонӣ (0,5% аз ММД) баробар шудааст.

Мувофиқи маълумоти мақомоти андози Тоҷикистон, ба аввали соли ҷорӣ корхонаҳои аз ҳама бештар қарзашон зиёд аз андоз ширкати «Барқи тоҷик» (101 млн. сомонӣ), «Тоҷиктелеком» (35 млн. сомонӣ) ва «Ширкати алюминии тоҷик» (24 млн. сомонӣ) мебошанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ҳукумат ба корхонаҳо двлатӣ қарз дода, худро ба хатарҳои муайян дучор мекунад.

«Ҳукумат маблағҳои аз ниҳодҳои молиявӣ гирифтаашро бо меъёри 3-6% фоиз қарз медиҳад, ки аз арзиши қарзи тиҷоратӣ ба таври назаррас поинтар аст. Сарфи назар аз вазъи мушкили молиявӣ, ширкати «Барқи тоҷик» ва «Тоҷиктрансгаз» чунин қарзҳоро дастрас мекунанд», – омадааст дар гузориш.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, ҳаҷми қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 15,1 млрд. сомонӣ ( зиёда аз 1,6 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ба наздики 25%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки қарзи умумӣ аз рӯи қарзҳои мустақим ба корхонаҳои давлатӣ аз буҷет 75 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 0,4% аз хароҷоти умумии давлатӣ баробар аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки дар чунин шароит суръат бахшидан ба ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ барои берун нарафтани воситаҳои давлатӣ ва пешгирии истифодаи бесамари захираҳои давлатӣ зарур аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба аввали семоҳаи дуюми соли ҷорӣ қарзи умумии корхонаҳои миёна ва бузурги Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии оморӣ, 20,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Корхонаҳои нисбатан зиёновар бештар дар соҳаҳои саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гиифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.