Бахшиши гуноҳи корманди БДА Кӯлоб, ки аз сайёҳони хориҷӣ пул талаб карда буд

Нисбати корманди Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Саидшо Шарипов, ки аз сайёҳи Руминия пул тамаъ карда буд,  аввали моҳи июн мутобиқи моддаи 314 (суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нисбати корманди Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Саидшо Шарипов, ки аз сайёҳи Руминия пул тамаъ карда буд,  аввали моҳи июн мутобиқи моддаи 314 (суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бо назардошти аз сафҳои милитсия хориҷ шудани ӯ ва ҳамчунин иқрори софдилонааш ба гуноҳ, парванда қатъ шуд.

“Ғайр аз ин, мақомоти тафтишот онро ҳам ба назар гирифт, ки ӯ саробон ва тарбияткунандаи дӯ кӯдаки ноболиғ аст. Аз ин рӯ, гуноҳи ӯро бахшиданд”, – гуфт ӯ.

Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки Шарипов минбаъд ҳеҷ гоҳ дар сохторҳои давлатӣ, бахусус дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ кор карда наметавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио