Аз 1 сентябр арзиши симкорт дар Тоҷикистон 250 сомонӣ мешавад

Date:

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши як симкорти ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) муқаррар кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкатҳои мобилии кишвар хабар доданд, акнун харидорӣ ё дубора бақайдгирии симкорт 26 доллар нарх хоҳад дошт. Шахсоне, ки рақами худро гум кардаанд, низ ҳамин миқдор маблағ пардохт мекунанд. Ин воситаҳои пулиро ширкатҳои мобилӣ бояд ба суратҳисоби Хадамоти алоқа гузаронанд.

Ташаббуси ҷорӣ кардани пардохт барои симкортҳо бо ин миқдор маблағ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири таъмини ҳарчи бештари амният пешниҳод шуд. Яъне симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дигар камтар ба дасти шахсони тасодуфӣ меафтанд. Агар дар пойгоҳи маълумоти ВКД рақами мушаххас сабт шавад, пас танҳо соҳиби симкорт ба он масъул хоҳад буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Болоравии арзиши симкорт то 250 сомонӣ ба хотири амният

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як муштарӣ танҳо ду симкорти як ширкати мобилиро дастрас карда метавонад. Агар шумори симкортҳои муштарӣ зиёд бошад, пас ӯ бояд ба маркази хизматгузории оператори худ муроҷиат намуда, кортро дубора ба номи шахсе ба қайд гузорад, ки аз он истифода мекунад. То 1 сентябр ин амалро бепул метавон анҷом дод.

Дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ – Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...