Аз 1 сентябр арзиши симкорт дар Тоҷикистон 250 сомонӣ мешавад

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши як симкорти ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) муқаррар кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкатҳои мобилии кишвар хабар доданд, акнун харидорӣ ё дубора бақайдгирии симкорт 26 доллар нарх хоҳад дошт. Шахсоне, ки рақами худро гум кардаанд, низ ҳамин миқдор маблағ пардохт мекунанд. Ин воситаҳои пулиро ширкатҳои […]

Меҳрангез Турсунзода

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши як симкорти ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) муқаррар кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкатҳои мобилии кишвар хабар доданд, акнун харидорӣ ё дубора бақайдгирии симкорт 26 доллар нарх хоҳад дошт. Шахсоне, ки рақами худро гум кардаанд, низ ҳамин миқдор маблағ пардохт мекунанд. Ин воситаҳои пулиро ширкатҳои мобилӣ бояд ба суратҳисоби Хадамоти алоқа гузаронанд.

Ташаббуси ҷорӣ кардани пардохт барои симкортҳо бо ин миқдор маблағ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири таъмини ҳарчи бештари амният пешниҳод шуд. Яъне симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дигар камтар ба дасти шахсони тасодуфӣ меафтанд. Агар дар пойгоҳи маълумоти ВКД рақами мушаххас сабт шавад, пас танҳо соҳиби симкорт ба он масъул хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як муштарӣ танҳо ду симкорти як ширкати мобилиро дастрас карда метавонад. Агар шумори симкортҳои муштарӣ зиёд бошад, пас ӯ бояд ба маркази хизматгузории оператори худ муроҷиат намуда, кортро дубора ба номи шахсе ба қайд гузорад, ки аз он истифода мекунад. То 1 сентябр ин амалро бепул метавон анҷом дод.

Дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ – Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.