Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Қурбон табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт. Дар паёми телевизионии худ Сарвари давлат аз падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё, ходимони дин ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр даъват намуд, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ кунанд. «Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо баъди […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт.

Дар паёми телевизионии худ Сарвари давлат аз падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё, ходимони дин ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр даъват намуд, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ кунанд.

«Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо баъди ба Ватан баргаштан ба ҷойи оростани дастурхону ташкил кардани маъракаҳои намоишкорона ба анҷом додани аъмоли савоб, аз ҷумла корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва кумак ба муҳтоҷон бештар машғул шуда, кӯшиш мекунанд, ки дар ин ҷода намунаи ибрати дигарон бошанд», – изҳори бовар кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президент изҳори итминон мекунад, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Бо тасмими Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон санаи 21 август ҷашн гирифта мешавад. Санаи ҷашни Иди Қурбон бар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон муайян карда шудааст. Ин рӯз истироҳат аст.

Қобили зикр аст, ки кормандони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон рейд гузаронида, андоза ва “хоксорӣ”-и дастурхонро муайян мекунанд.

Андозаи дастурхони идона то 1х1,5 метр муқаррар шуда, рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта шуда бошад. Хушкмева ҳам гузоштан боке надорад, лекин набояд хеле зиёд бошад. Барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон 5 ҳазор ҷарима пешбинӣ шудааст.

Қаблан кормандони «Азия-Плюс» дастурхони андозаи 1х1,5 метр гирифта рӯи онро оростанд. Ғизоҳои гуногун харида шуд. Дастурхон он қадр бад набуд. Нархи маҳсулоти рӯи дастурхон 230 сомониро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.