Бохти хеле бузурги футболбоздухтарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё-2018

Тими мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи Бозиҳои Осиё-2018 бозиро бо ҳисоби хеле калон бар дастаи Кореяи Шимолӣ бохт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи “Bumi Sriwijaya”-и шаҳри Палембанг бо ҳисоби 16:0 ба фоидаи кореягиҳо анҷом ёфт. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюм 20 август бо […]

Маркази матбуоти КМО ҶТ

Тими мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи Бозиҳои Осиё-2018 бозиро бо ҳисоби хеле калон бар дастаи Кореяи Шимолӣ бохт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи “Bumi Sriwijaya”-и шаҳри Палембанг бо ҳисоби 16:0 ба фоидаи кореягиҳо анҷом ёфт. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюм 20 август бо мунтахаби бонувони Чин вомехӯрад.

Аз натиҷаҳои мусобиқаҳои рӯзи 19 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия Кумита иттилоъ медиҳад, ки  дар ин рӯз оид ба баскетбол, волейболи соҳилӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабадди, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, гуштин ва ушу мусобиқаҳо доир гардиданд.

Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши гуштин, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд. Дар гуштини озод 5 варзишгари мо вориди рақобат шуданд. Дар вазни 57 кг Ҳикматулло Воҳидов аз намояндаи Муғулистон, дар вазни 86 кг Баҳодур Қодиров аз варзишгари Қазоқистон дар рақобати аввал шикаст хурданд. Дар вазни 65 кг Абдулқосим Файзиев дар рақобати аввал бар варзишгари Тайланд бо ҳисоби 12:2, дар вазни 74 кг Гамид Ҷалилов бар варзишгари Покистон бо ҳисоби 10:0 ғалаба карда, вале дар рақобати дуюм мутаносибан аз варзишгарони Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардиданд. Искандари Рустам дар вазни 97 кг бо сабаби нотобӣ натавонист гуштин бигирад.

Ба иттилои манбаъ, дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта Тоҷикистон ҷои 15-ум ва дар тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷои 21-умро ишғол намуд.

Дар намуди ушу ягона варзишгари тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Ҳамин тариқ, дар рӯзи аавали баъд аз маросими расмии кушодашавии бозиҳо варзишгарони 17 кишвар соҳиби медал шуданд ва варзишгарони 9 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 16 медал (7 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ), Ҷопон бо 14 медал (3-6-5), Кореяи Ҷанубӣ бо 11 медал (2-3-6) дар се ҷои аввал қарор доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки имрӯз, 20 август – варзишгарони Тоҷикистон дар намудҳои футболи бонувон, тирандозӣ, шиноварӣ, таеквондо, гуштини озод барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.