Барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардидани Имрон Хон ба унвони ӯ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия изҳори итминон мешавад, ки тайи давраи фаъолияти Имрон Хон муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар масири таҳкиму тавсеаи бештар  идомаи самарабахш […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардидани Имрон Хон ба унвони ӯ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия изҳори итминон мешавад, ки тайи давраи фаъолияти Имрон Хон муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар масири таҳкиму тавсеаи бештар  идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

«Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои ҳасанаи байни  кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар  гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ  ҳастем. Зимнан  омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам», – омадааст дар барқия.

Қобили зикр аст, ки сарвазири тозаинтихоби Покистон Имрон Хон рӯзи 18 август савганд ёд карда, расман ба маснади сарвазирии ин кишвар нишаст. Ҳизби марказгарои ӯ «Таҳрики инсоф» дар интихоботи санаи 25 июл дар ин кишвар пирӯз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.