Ҳалокати мард ва писарчаи 10-сола дар садамаи нақлиёт

Date:

Бар асари ҳодисаҳои садамаҳои нақлиёт пеш аз ва дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи Иди Қурбон, 21 август ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху» Суҳроб Хоркашов зимни ҳаракат аз деҳаи Трайд ба самти маркази ноҳияи Роштқалъа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Шоҳдара чаппа мешавад, ки дар натиҷа мусофири 50-солаи он дар дарё ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, як рӯз пеш аз Иди Қурбон ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Маҳмадулло Шарифов ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг – Восеъ назорати идораи мошинро аз даст дода, Сорбон Насимҷони 10-соларо бо автомашина пахш мекунад, ки дар натиҷа писарчаи ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...