«Ҷияни генерал»-ро барои бадахлоқӣ ба кӯчарӯбӣ маҷбур карданд

Date:

Ҷавоне, ки мусофирони маршруткаро ҳақорат дода, худро хеши генерал муаррифӣ менамуд, 5 рӯз ҳабс шуд.

Убайдулло Бураков дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “ҷияни генерал” маъруф шуд. Назди касоне, ки онҳоро таҳқир мекард, худро маҳз чунин муаррифӣ менамуд. Барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бадахлоқиву алфози қабеҳ ӯ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифт.

Ӯро ҳамчунин барои бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ идора кардани автомашинаи падараш ба маблағи 12,5 ҳазор сомонӣ (1,3 ҳазор доллар) ҷарима карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД Душанбе.

Аввали моҳи август дар шабакаи Facebook навори видео гузошта шуд, ки дар он ронандаи автомашинаи «Toyota Сorolla»  ронандаи маршрутка ва одамони гирду атрофро таҳқир намуда, изҳор медошт, ки касе бо ӯ ҳеҷ коре карда наметавонад, зеро “ҷияни генерал” аст”.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дарҳол ба ҷустуҷӯи ӯ пардохта, маълум шуд, ки ин шахс сокини пойтахт Убайдулло Буракови 24-сола мебошад.

Нисбати Бураков ба муҳлати 5 рӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуда, ӯ ба иҷрои корҳои муфиди ҷамъиятӣ, аз ҷумла рӯбучини қаламрав ҷалб гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...