“Барои эҳтиёт мехарам!”: Навбатпойӣ назди дафтарҳои кории ширкатҳои мобилӣ

0
4
20180824_113353

Пас аз ирсоли паёмак-огоҳӣ дар бораи аз 1 сентябр 250 сомониро ташкил додани нархи симкорт ва қайди дубораи он аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ, назди дафтарҳои корӣ ва филиалҳои ин ширкатҳо навбатпойиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вакил: дар истифодаи симкортҳо шаҳрвандон масъулияти бештар ҳис мекунанд

Нилуфар Икромова, сокини пойтахт мегӯяд, аз соати 9-и субҳ аллакай навбатпойӣ зиёд буда, ӯ барои хоҳаронаш аз ширкатҳои Мегафон ва Tcell боз яктогӣ симкортҳо барои эҳтиёт хариданист, зеро баъдан нархи он хеле зиёд – 250 сомонӣ мешавад.

Гурӯҳи дигар барои дубора ба қайд гузоштани симкортҳо ба номи худ ё ба номи каси дигар омадаанд. Дилшод Шокиров мегӯяд, аллакай 1 соат аст навбат мепояд, то ки симкортро  аз номи модараш ба номи худ дубора ба қайд гирад.

Сокини 54-солаи ноҳияи Шоҳмансур Шарофат Ширинова бошад, изҳор медорад, ки барои фаҳмидани асли воқеа омадааст, зеро аз ширкат паёмак-огоҳинома гирифтааст, ки ба номаш се симкорт дорад ва акнун намедонад, ки чӣ кор кунад.

ГАЛЛЕРЕЯ (18)


















Арзиши нави симкортҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ баррасӣ мешавад. Меҳмони пойтахт аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фотимахола аз симкортҳои Қирғизистон ситоиш намуда, қайд кард, ки “мо кайҳост, ки аз симкортҳои қирғизӣ истифода мекунем, дар муқоиса бо мо, хизматрасонии онҳо қариб бепул меафтад”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз 1 сентябр арзиши симкорт дар Тоҷикистон 250 сомонӣ мешавад

Масъалаи истифодаи симкортҳои Қирғизистон нав нест. Қаблан зикр гардида буд, ки то 15 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон аз хизматрасонии операторони Қирғизистон истифода мекунанд, зеро алоқаааш хубу арзонтар аст.

Тибқи қарори қаьблан қабулшудаи ҳукумат, дар Тоҷикистон ба як муштарӣ харидории ду симкорт ва ҳамчунин яктогӣ барои ҳар кадоме аз фарзанди ноболиғ дар оила иҷоза дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ – Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь