Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Наздики 50 нафар омӯзгорон барои кор аз Русия ба Тоҷикистон меоянд; – Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ҷаласаи сеюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар доир мегардад; – Дар қаҳвахонаи Parking бо иштироки коршиносони варзида дар соҳаи IT ва инноватсияҳо тренинги Startup Talks барпо мешавад; – Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик аз маросими адои […]

Asia-Plus

АНОНС

– Наздики 50 нафар омӯзгорон барои кор аз Русия ба Тоҷикистон меоянд;

– Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ҷаласаи сеюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар доир мегардад;

– Дар қаҳвахонаи Parking бо иштироки коршиносони варзида дар соҳаи IT ва инноватсияҳо тренинги Startup Talks барпо мешавад;

– Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик аз маросими адои ҳаҷ ба ватан бармегарданд;

– Дар Тоҷикистон амалиёти “Кӯдакон” оғоз мегардад, ки то 10 сентябр идома меёбад;

– Дар Бозиҳои Осиё дар Индонезия дар вазнҳои 90, 100 ва беш аз 100 кило мусобиқаи дзюдо баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4228 сомонӣ;

1 евро – 11.0077 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1390 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1991 — Дар иҷлосияи Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ивази номи ҶШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд.

2017 — Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои нави коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомониро ба муомилот баровард, ки сатҳҳои иловагии ҳимоя доранд.

1930 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Очилбой Усмонов.

1957-1999 — Мавлуди журналист Ҷумъахон Ҳотамӣ.

1964 – Зодрӯзи олим Ашӯралӣ Олимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +16+21.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио