Боғи таъмиру навсозишудаи “Дӯстии халқҳо” то ҷашни асосии Тоҷикистон боз мешавад

0
4
05-16-655x331

Барои таъмиру навсозии яке аз боғҳои бузурги фарҳангу истироҳати Душанбе – боғи “Дӯстии халқҳо (назди бозори “Саховат”) ба ҷуз воситаҳои буҷети пойтахт, ҳамчунин маблағҳои буҷети вилояти Хатлон, Кумитаи андози Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ масраф шуданд.

То ҷашни асосии ҷумҳурӣ – Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки президенти Тоҷикистон боғи мазкур мавриди истифода қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 сохта шуда, дар майдони 30 гектар воқеъ аст. Нахуст корҳои таъмру навсозӣ ва ободонии боғ пурра ба дӯши маъмурияти вилояти Хатлон вогузор шуда буданд Сипас Кумитаи андоз ва соҳибкорони маҳаллӣ низ ба он ҷалб гардиданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Душанбе аввалин боғ бо ролледром боз мешавад

Ҳукумати виояти Хатлон 41 ҳазор метри мураббаъ гулгаштҳои боғро обод намуда, 4,2 гектар майдони қаламрави онро сабзу хуррам гардонид.

Дар майдони 2,3 гектари боғ Кумитаи андоз чор майдони футболи хурд, майдон барои бозии кӯдакон ва ҳамчунин бинои маъмурии боғро бунёд кард.

Қобили зикр аст, ки дар ин боғ бори аввал дар Душанбе дар майдони наздики 1 гектар ролледром сохта мешавад. Ҳамчунин толори бозиҳо компютерӣ ва фурӯшгоҳи сарулибоси варзишӣ низ ба истифода дода мешавад.

Ролледром аз ҳисоби воситаҳои соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои бунёди он ҳудуди 2 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар қаламрави боғ ҳамчунин амфитеатр бо 1,5 ҳазор ҷойи нишаст низ сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь