Иҷозаи савор ва фаровардани мусофирон ба қатораҳои Тоҷикистон дар се шаҳри Ӯзбекистон

Ба қатораҳои Тоҷикистон савор кардан ва фаровардани мусофирон дар се истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳрҳои Ӯзбекистон иҷоза шуд. Ин иқдом бар асоси протоколи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон нимаи моҳи июли соли равон дар шаҳри Фарғона амалӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Гуфта мешавад, акнун дар истгоҳҳои роҳи оҳани Тирмиз, Қаршӣ ва […]

Asia-Plus

Ба қатораҳои Тоҷикистон савор кардан ва фаровардани мусофирон дар се истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳрҳои Ӯзбекистон иҷоза шуд.

Ин иқдом бар асоси протоколи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон нимаи моҳи июли соли равон дар шаҳри Фарғона амалӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, акнун дар истгоҳҳои роҳи оҳани Тирмиз, Қаршӣ ва Самарқанди Ӯзбекистон фаровардан ва савор шудани мусофирон, инчунин дастрас намудани чипта барои истифодаи хизматрасонии қатораҳои мусофирбарии байналмилалии Тоҷикистон имконпазир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба мусофироне, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон пешакӣ дар қатораҳои мусофирбари байналмилалии Душанбе-Москва-Душанбе, Кӯлоб-Москва-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд чипта харидорӣ менамоянд, вобаста ба муҳлати хариди билет ва навъи вагон аз 10 то 25% сабукиҳо (тахфиф, камшавии нарх) пешбинӣ шудааст.

“Инчунин барои интиқоли транзитии ҳамаи намуди борҳо тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардид”, – омадааст дар маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин барои содироти бор аз Тоҷикистон дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес, Қудуқлӣ-Қарақалпокистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Қарақалпокистон ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.