Тошканд мизбони 8-умин Форуми солонаи савдо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳимтарин чорабинии байналмилалии худро оид ба савдо – Ҳаштумин форуми солонаи савдо дар кишварҳои Осиёи Марказиро рӯзҳои 17-18 октябр дар Ӯзбекистон барпо мекунад. Ин чорабинӣ, ки аз тарафи Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати савдои хориҷии Ҳукумати Ӯзбекистон ташкил мегардад, дар маркази «Узэкспосентр» дар шаҳри Тошканд барпо хоҳад шуд. […]

Иттилоияи расмӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳимтарин чорабинии байналмилалии худро оид ба савдо – Ҳаштумин форуми солонаи савдо дар кишварҳои Осиёи Марказиро рӯзҳои 17-18 октябр дар Ӯзбекистон барпо мекунад.

Ин чорабинӣ, ки аз тарафи Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати савдои хориҷии Ҳукумати Ӯзбекистон ташкил мегардад, дар маркази «Узэкспосентр» дар шаҳри Тошканд барпо хоҳад шуд.

Форуми савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ (CATF) майдони беназирро барои соҳибкорон баҳри ошноӣ бо имкониятҳои нав дар бозорҳои рӯ ба тараққии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои беш аз 70 миллион мизоҷони эҳтимолӣ мебошанд, фароҳам меоварад. Форуми соли гузашта дар шаҳри Алматои Қазоқистон беш аз 1,100 нафар иштирокчиро аз 18 кишвар ҷамъ оварда, соҳибкорони Тоҷикистон дар он тавонистанд шартномаҳоро ба маблағи беш аз 650,000 доллари ИМА барои савдои оянда имзо кунанд.

Аз замони аввалин форуми CATF дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар соли 2011, соҳибкорон, роҳбарони давлатӣ ва коршиносони соҳаи саноат аз кишварҳои Осиё, ИМА, Аврупо ва Ховари Миёна чорабинии мазкурро ҳамчун майдон барои табодули афкор, бастани шартномаҳо ва пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориҳои оянда истифода мебаранд.

Мавзӯи форуми имсола ин “Уфуқҳои нав дар пешрафти савдо ва сармоягузорӣ” буда, он таҷассумгари бештар боз будани Осиёи Марказӣ ба савдои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон мебошад, чун ин кишвар як силсила иқдомҳоро аз либерализатсияи сиёсати асъор то ислоҳот дар соҳаи соҳибкорӣ пеш гирифтааст.

Дар баробари Форум, намоишгоҳи савдо низ баргузор хоҳад гашт, ки дар он маҳсулотҳо аз соҳаҳои гуногуни минтақа, аз ҷумла соҳаи нақлиёт, саёҳат ва туризм, фановарии иттилоотӣ, истеҳсоли таҷҳизот, истеҳсоли маҳсулоти боғдорӣ ва коркарди он ба намоиш гузошта мешаванд.

Форуми савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ (CATF) аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва шуғл дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ шуда, он ба пешрафти содирот ва таъмини шуғли аҳолӣ дар соҳаи истеҳсолоти маҳсулоти боғдорӣ, инчунин тақвияти хадамоти соҳаҳои саёҳат ва туризм, нақлиёт ва логистика дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Тавассути ин дастгирӣ ширкатҳо дар минтақа бештар рақобатпазир мегарданд ва бо бартараф кардани монеаҳои байнисарҳадӣ барои савдо, USAID ба ташаккул ёфтани бахши хусусии мухталиф ва рақобатпазир, инчунин афзоиши содирот мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.