Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон оғоз мегарданд; – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад; – Дар ду хатсайри нақлиёти ҷамъиятии Душанбе – автобуси №8 ва […]

АНОНС

– Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон оғоз мегарданд;

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

– Дар ду хатсайри нақлиёти ҷамъиятии Душанбе – автобуси №8 ва троллейбуси №10 пардохти роҳкиро бо пули нақд манъ мешавад;

– Театри драмавии русии ба номи Маяковский бо намоиши “Тартюфа”-и Молйер, ки онро саргардони театр Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузоштааст, мавсими 81-уми театрии худро боз мекунад;

– Дар Маскав машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба масоили ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4234 сомонӣ;

1 евро – 11.0112 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1382 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — Дар қароргоҳи ҳукуматии Тоҷикистон  «Пуғус» Форуми III-уми зиёиёни олим ва эҷодкор доир гардид.

2010 — Дар Душанбе ҷашнвораи «Фазои иттиҳод» баргузор шуд.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-умро ҷиҳати тасдиқ ба парлумон пешниҳод намуд.

1912-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мусиқинавоз Мирзоқурбон Солиев.

1934 – Мавлуди журналист Чоршанбе Мамадсаидов.

1937 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаю математика, профессор Саид Аҳмадов.

 1950 – Мавлуди математик, профессор Абдурасул Сатторов.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Зиёратшо Акобиров.

1960 – Мавлуди шоир Равшан Ҳамроҳ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +10+15.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.