Табиби бемористони Ҳисор маълумот доир ба гирифторӣ ба бемории сӯхтаниро рад кард

Табиби беморхонаи сироятии Ҳисор, Корманди шоистаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон Маҳмурод Ашӯров маълумот дар бораи гирифтории ду нафар аз сокинони Ҳисорро ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) рад намуд. “Ҳақиқатан ҳам ду нафар ба мо ба гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ муроҷиат намуданд, лекин аз рӯи натиҷаҳои ташхис дар онҳо ҳеҷ гуна сироят ошкор нашуд”, – гуфт […]

Asia-Plus

Табиби беморхонаи сироятии Ҳисор, Корманди шоистаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон Маҳмурод Ашӯров маълумот дар бораи гирифтории ду нафар аз сокинони Ҳисорро ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) рад намуд.

“Ҳақиқатан ҳам ду нафар ба мо ба гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ муроҷиат намуданд, лекин аз рӯи натиҷаҳои ташхис дар онҳо ҳеҷ гуна сироят ошкор нашуд”, – гуфт табиб.

Ба қавли табиб, овозаҳо дар бораи ба шакли сабуки бемории сӯхтанӣ гирифтор шудани ду нафар сокинони деҳаи Ҳусноободи шаҳри Ҳисор асоси воқеӣ надоранд.

“Бемории сӯхтанӣ ба сироятҳои ниҳоят хатарнок дохил мешавад. Ин беморӣ шакли сабук надорад. Баъзе ВАО маълумот доданд, ки онҳо ба шакли сабуки ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки аслан нодуруст аст. Дар сурати ошкор шудани он, пеш аз ҳама мо бонги хатар мезадем”, – мегӯяд Ашӯров.

Ба гуфтаи ӯ, замони шӯравӣ, ки соҳаи чорводорӣ ривоҷу равнақ ёфта буд, ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба мушоҳида мерасид, лекин тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида шуда, хурӯҷи он пешгирӣ мегардид.

“Тайи солҳои охир ягон ҳолати гирифторӣ ба беморӣ дар мо сабт нашудааст. Гап сари он аст, ки соҳаи чорводорӣ айни замон чун дар замони шӯравӣ он қадр рушдёфта нест. Аз ин рӯ, ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки дар Ҳисор ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Лекин гумонбарӣ, ки баъдан тасдиқ нашуд, мавҷуд буданд. Аз ин рӯ, барои ташвиш ҳеҷ асосе нест”, – бо итминон изҳор намуд Маҳмурод Ашӯров.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.