Роҳбарони ширкати “Умед-88” ба 24 ва 22 соли зиндон маҳкум шуданд

Дар Суди олии Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр нисбати раҳбарияти ширкати “Умед-88” ҳукм содир шуд. Муассиси ширкат Раҷабалӣ Одинаев ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 соли зиндон ва директори ширкат Идибек Ибрагимов ба 22 соли зиндон маҳкум шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ. Адвокатҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Суди олии Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр нисбати раҳбарияти ширкати “Умед-88” ҳукм содир шуд.

Муассиси ширкат Раҷабалӣ Одинаев ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 соли зиндон ва директори ширкат Идибек Ибрагимов ба 22 соли зиндон маҳкум шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ.

Адвокатҳои судшавандагон аз шарҳу тавзеҳи масъала худдорӣ варзиданд.

Раҳбарияти ширкати “Умед-88” 14 октябри соли гузашта боздошт шуда буд. Он замон зикр гардида буд, ки ширкат аз Вазорати молия дар ҳаҷми 170 млн. сомонӣ қарз гирифта, муддати қариб 4 сол аст, ки онро ба давлат баргардонида наметавонад.

Охири моҳи майи соли ҷорӣ парвнада ба баррасии суд дода шуд. Моҳи июл раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон хабар дод, ки роҳбари ширкати “Умед-88” дар содир намудани ҷиноят аз рӯи 7 модда гумонбар дониста шуда, бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, мурофиаи судӣ пушт дарҳои пӯшида баргузор мешавад.

Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст