Душанбе дар 10-гонаи шаҳрҳои сайёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ

Агентии таҳлилии Русия “Турстат” рейтинги навбатии шаҳрҳои беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро барои сайру саёҳат дар фасли тирамоҳ таҳия намуд. Феҳристи шаҳрҳои ИДМ бо назардошти натиҷаҳои таҳлили серталабӣ ва писанд будани сафарҳои сайёҳӣ дар тирамоҳи соли 2018 тартиб дода шудааст. Дар рейтинги шаҳрҳои саёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ Минск, Остона ва Боку пешсаф мебошанд. Даҳгонаи […]

Агентии таҳлилии Русия “Турстат” рейтинги навбатии шаҳрҳои беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро барои сайру саёҳат дар фасли тирамоҳ таҳия намуд.

Феҳристи шаҳрҳои ИДМ бо назардошти натиҷаҳои таҳлили серталабӣ ва писанд будани сафарҳои сайёҳӣ дар тирамоҳи соли 2018 тартиб дода шудааст.

Дар рейтинги шаҳрҳои саёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ Минск, Остона ва Боку пешсаф мебошанд.

Даҳгонаи шаҳрҳои сайёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ аз Минск дар Беларус, Остона дар Қазоқистон, Боку дар Озарбойҷон, Ереван дар Арманиситон, Тошканд дар Ӯзбекистон, Алмаато дар Қазоқистон, Бишкек дар Қирғизистон, Кишинёв дар Молдова, Душанбе дар Тоҷикистон ва Ашқобод дар Туркманистон иборат аст.

Тибқи маълумоти “ТурСтат”, фасли тирамоҳ сайёҳон ба шаҳрҳо ва кишварҳои ИДМ ба ҳисоби миёна ба муддати 3 рӯз меоянд.

Сайёҳони русиягӣ дар сафарҳо ба шаҳру давлатҳои ИДМ барои иқомату ғизо дар як шабонарӯз аз 30 то 80 доллар маблағ масраф мекунанд.

Барои арзонтар афтодани сафар Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва барои сафарҳо дар рӯзҳои истироҳат ва харид шаҳрҳои Остона ва Боку интихоб мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.